Туҳфаи А. Қодирӣ ба мактаби деҳаи Мусаффо
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар деҳаи Мусаффои ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои навбунёди иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №29 мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, бинои нави иловагии мактаб бо харҷи 2 миллиону 80 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он дар як баст барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.
Дар расми ифтитоҳи ин иншоот муовини раиси вилоят Раъно Маҳмудзода таъкид дошт, ки ифтитоҳи бинои иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 намунаи олии ғамхориҳои давлат ва ҳукумат маҳсуб меёбад. Мавсуф аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар азхудкунии касбу ҳунарҳои мардумӣ, донистани забонҳои хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Номбурда ҳамчунин бобати муҷаҳҳаз гардонидани синфхонаҳои ташхисӣ, баланд бардоштани завқи хонандагон ба фанҳои дақиқ ва ба ин васила омода кардани хонандагон ба касбҳои соҳаи кӯҳкориву муҳандисӣ дастуру тавсияҳо дод.
Раъно Маҳмудзода дар вазъияти тантанавӣ туҳфаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро, ки иборат аз компютер ва принтер бо тамоми таҷҳизоташ буд, ба сарвари мактаб супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






