Узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва таъсири он ба соҳаи саноат
Душанбе, 29.092014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Пагоҳ, 30-юми сентябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон конфронс дар мавзӯи “Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва таъсири он ба соҳаҳои саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ (металлургия) “ баргузор мегардад.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази тиҷорати байналмилӣ хабар доданд, дар нимаи аввали рӯз дар мавзӯи “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати ғизовориву кишоварзии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар СТҶ” давраи омӯзишӣ гузаронида мешавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки баргузории давраи омӯзишии дигар дар мавзӯи “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати оҳангудозии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар СТҶ” дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






