Вақти таҷлили 90 – солагии пойтахт тағйир ёфт
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). – Таҷлили ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистон на 29 – 31 октябр, балки 18 — 19 октябр баргузор мешавад.
Дар ҷараёни машварати навбатии корӣ дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки чанде пеш баргузор гардид, дар ин бора тасмим гирифта шуд.
Мувофиқи хабари сомонаи расмии раёсати шаҳри Душанбе, 18 октябр дар «Кохи Ваҳдат» ҷаласаи ботантана ва консерти устодони санъат баргузор гардида, дар нимаи дуюми ҳамон рӯз дар боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр сайругашти оммавии шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт сурат мегирад.
Рӯзи якшанбеи 19 октябр дар «Наврузгоҳ» — и пойтахт карнавали идона баргузор мешавад.
Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки ба ифтихори ҷашнвораи пойтахт рӯзҳои шанбе барои поккории ҳавлии биноҳои истиқоматӣ ва маҳаллаҳои пойтахт бо ҷалби сокинони пойтахт шанбегиҳои оммавӣ роҳандозӣ шаванд.
Дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба вазъи санитарию эпидемиологии шаҳр, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, аз байн бурдани сагони дайду, коҳиш додани дарбадарию талбандагӣ, ҳамчунин омодагии пойтахт ба фасли зимистон баррасӣ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






