Вакил бо сокинони ноҳияҳои кӯҳистон мулоқот кард
Душанбе, 23.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-23 сентябр раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов дар ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод ва Ховалинги вилояти Хатлон бо интихобкунандагони худ мулоқот намуд.
Вакили Парлумон доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, сухан кард.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа, хусусан беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои зурурӣ андешида, дар ин самт аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон маҷмӯи қонунҳо таҳия ва қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати рӯзгори мардум муҳим ва саривақтианд.
Дар фарҷоми мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов ба саволҳои интихобкунандагонаш -сокинони ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод ва Ховалинг посух дода, пешниҳодоти сокинони навоҳии кӯҳистонро ба инобат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






