Вакилон ба минтақаҳо рафтанд
Душанбе, 15.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-15 сентябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ- Суғду Хатлон, Бадахшон ва навоҳиии тобеи марказ сафар карданд.
Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон муддати 10 рӯз вакилони Парлумон бо интихобкунандагон вохӯриҳо анҷом дода, дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунҳои қабулгардида, ҳифзи арзишҳои миллӣ, раванди ободониву созандагӣ дар кишвар суҳбат менамоянд.
Дар доираи ин сафар ҳамзамон масоили марбут ба вазъи соҳаҳои гуногуни кишвар, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва соири масоили муҳими ҷомеа баррасӣ хоҳанд шуд.
Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон дар фазои озод ва шаффоф доир гардида, интихобкунандагон имкон доранд доир ба масъалаҳои барояшон муҳим бо вакили худ вориди саволу ҷавоб ва баҳс гарданд. Ҳамзамон интихобкунандагон бояд дар ҷараёни мулоқот фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти худро ба вакилон иброз доранд, зеро ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо пешниҳодоти онҳо ба эътибор гирифта хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






