Вакилон баъди бозгашт ба фаъолият шурӯъ мекунанд
Душанбе, 26.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баъд аз 10 рӯзи вохӯриҳояшон бо интихобкунандагон дар манотиқи мухталифи кишвар ба пойтахт баргаштанд. Мулоқоти вакилон аз 15 то 25 сентябри соли равон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ сурат гирифта, дар ҷараёни он вакилон бо мардум доир ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурд ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар бахши таҳияи қонунҳо суҳбат карданд.
Мавриди зикр аст, ки Маҷлиси намояндагон –палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз соли 2000 инҷониб фаъолият менамояд. Дар 63 курсии палатаи поёнии Парлумони мамлакат намояндагон аз аҳзоби сиёсии кишвар- Ҳизби Халқӣ – Демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нишаста, қонунҳо эҷод менамоянд. Моҳи феврали соли 2015, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи навбатии парлумонӣ баргузор мешавад, ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон низ қатъ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ на камтар аз 75 рӯзи ба анҷом расидани ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон таъйин мешавад, ки он ба охири моҳи феврали соли 2015 рост меояд. Ҳамзамон интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллӣ бо интихоботи Маҷлиси намояндагон дар як вақт сурат гирифта, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ё худ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон баъд аз 25 рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад, ки он ба охири моҳи марти соли 2015 рост хоҳад омад. 10.14.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






