Вазирони туризми ИДМ дар соҳили Нева ҷамъ меоянд

Сентябрь 26, 2014 10:08

                  Душанбе, 26.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷаласаи вазирони туризми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ 9-10 октябри соли равон дар шаҳри соҳили Неваи Русия-Санкт-Петербург баргузор мегардад.Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин  чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам намояндагӣ менамояд.
           Руслан Шодиков-муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласа масоили марбут ба густариши ҳамкории кишварҳои ИДМ дар бахши туризм  матраҳ мегарданд.
       Ҳамзамон интизор меравад, ки иштирокчиёни ҷаласа-вазирони туризми кишварҳои ИДМ масъалаҳои ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои туристӣ, таъмини муассисаҳои бахши туризм бо мутахассисони баландтаҷриба ва бозомӯзии онҳо, инчунин ташкили хатсайрҳои нави туристӣ, ҷалби коршиносони бахши туризм ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ хоҳанд кард.
         Дар назар аст, ки  вазирони туризми ИДМ ҳамзамон дар ҷаласа ҷараёни татбиқ ва амалисозии созишномаҳои қаблан ба имзо ва тасвибрасидаро дар бахши туризм дар миқёси кишварҳои ИДМ муҳокима хоҳанд кард.9.28.

Сентябрь 26, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!