ВКД: 389 нафар- сазовори мукофотҳои давлатӣ
Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана доир гардид. Дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он иштирок намуданд.
Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ҷаласаро вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода ифтитоҳ бахшида, аз дастовардҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар тӯли 23 соли истиқлолият ёдовар гардид.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки: «Боиси хушнудию сарфарозист, ки мо имрӯз ҷашни муқаддас ва таърихии миллати тоҷик — Истиқлолияти кишварро дар фазои сулҳу осоиш, суботу оромӣ ва дӯстию рафоқат ботантана таҷлил менамоем.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар зарфи ин солҳо баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таҳкими сохти конститутсионӣ нақши муассир ва арзанда гузоштаанд.
Имрӯз низ бо хизмати содиқонаю софдилона кормандони Вазорати корҳои дохилӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди қонуншиканию ҳуқуқвайронкунӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд».
Сипас котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қаҳҳоров аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гурӯҳ кормандони милитсия мукофотҳои давлатиро супорид.
Манбаъ хабар медиҳад, ки 389 нафар кормандони мақомот аз саросари ҷумхурӣ бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун, аз ҷумла бо ордени «Спитамен» дараҷаи II, бо медалҳои «Ҷасорат», «Хизмати шоиста» «Ифтихорномаи фахрӣ»- и ВКД ҶТ, бо нишони сарисинагии «Корманди фахрӣ»-и ВКД ҶТ ва туҳфаи арзишноки «Соати дастӣ» аз номи вазири корҳои дохилии ҶТ сарфароз гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






