Владимир Путин вориди пойтахти Тоҷикистон шуд
Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, пас аз зуҳри имрӯз вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Меҳмони олиқадр-Владимир Путинро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки 6 кишвар – Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи ин созмон буда, мутобиқи санадҳои расмии он Раёсати Созмон ҳар сол аз як давлат ба давлати дигар мегузарад. Ҳамин тавр, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (11-12 сетябри соли 2014) раёсат Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз поён ёфта, он ба Федератсия Русия мегузарад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






