“Водии Рашт — имкониятҳои рушд”-анҷумани байналмилалӣ
Душанбе, 26.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Аз 25 то 26 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат намудан дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод анҷумани байналмилалии иқтисодии “Водии Рашт — имкониятҳои рушд” баргузор гардид.
Тавре ки Нуралӣ Шоқурбонов, сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иброз намуд, мақсад аз баргузории ин чорабинӣ мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Кори анҷуманро вазири рушди иқтисод ва савдо — Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар айни замон панҷ ноҳияи минтақаи Рашт дорои барномаҳои рушди ноҳия мебошад. Таҳлили барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод нишон медиҳад, ки то соли 2017 танҳо дар доираи барномаҳои мазкур ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ба маблағи 800 млн. сомонӣ ҷалб ва зиёда аз 720 лоиҳа татбиқ хоҳад шуд. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳақиқии иқтисодиёт тибқи барномаҳои рушд 65,2 млн. сомонӣ, иҷтимоиёт 239,5 млн. сомонӣ, инфрасохтор 451,3 млн. сомонӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист 16,8 млн. сомонӣ ва дигар соҳаҳо зиёда аз 21 млн. сомонӣ маблағгузорӣ хоҳад шуд.
Дар ҳошияи баргузории анҷумани мазкур ва татбиқи барномаҳои минтақа, иброз гардид, ки дарёфти маблағҳои зарурӣ ва татбиқи пурраи барномаҳои рушд талаб менамояд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ ҷоннок намуда, татбиқи барномаи рушди ноҳияро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Дар Анҷумани мазкур ҳамчунин намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, стендҳои маълумотӣ дар бораи лоиҳаҳои татбиқшудаистодаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ноҳияҳои водии Рашт гузаронида шуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






