“Водии Рашт — имкониятҳои рушд”
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).-Аз 25 то 26 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳраки Ғарм Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар мавзӯи “Водии Рашт — имкониятҳои рушд” доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) баргузор мегардад.Чорабинӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ташкил гардида, мақсади баргузории он мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.Инчунин дар доираи Анҷумани мазкур баргузории мизҳои мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ (агробизнес, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ), рушди иҷтимоии минтақа (маориф, тандурустӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва конфронси илмӣ — амалӣ ба нақша гирифта шудааст.Дар айни замон ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби Давлаталӣ Саид — муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.Аз ин лиҳоз, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи муассисаҳо, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияташон барои иштирок дар кори Анҷумани мазкур даъват менамояд. Агар шумо хоҳиши баромад намудан ё иштирок дар намоишгоҳи онро дошта бошед, метавонед ба суроғаи e-mail: infofez@mail.ru ё ин ки бо телефони 223-17-51 муроҷиат намоед.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






