Вохӯрӣ бо мактабиёни пойтахт
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва шуъбаи корҳои дохилӣ ва маркази бемориҳои пӯст, шуъбаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки ҳукумати ноҳияи Сино бо хонандагони макотиби таҳсилоти умумии рақамҳои 19 ва 25-и шаҳри Душанбе ва волидайни онҳо вохӯрданд.
Назар ба хабари Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, зимни вохӯрӣ ба ҳозирон дар бораи масоили мубрами ҷомеаи имрӯза, аз қабили нашъамандӣ миёни ҷавонону наврасон, аз ҷониби баъзе шаҳрвандони кишвар риоя нашудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти волидайн», бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои номатлуб ва ғайра нақл карда шуд.
Тарҷумон, М. Шарифзода.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






