Вохӯрӣ бо соҳибкорони Хатлон
Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳайати иқтисодии иборат аз мутахассисони бахшҳои рушди иқтисод, гумрук, низоми андозбандӣ, соҳибкорӣ, бонкдорӣ ва роҳбарони идораю муассисаҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади тақвият бахшидани бахши соҳибкорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо соҳибкорони вилояти Хатлон вохӯрд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ҳарчанд солҳои охир соҳибкорӣ дар вилоят дар ҳоли рушд аст, мушкилиҳои ҷиддие мавҷуданд, ки ба вусъати бештари он монеъ мешаванд. Таъкид гардид, ки рафъи монеаҳои сунъии маъмурӣ, низоми номақбули ниёзмандии доимии соҳибкорон ба амалдорон, ворид намудани тағйирот ба қонунгузории кишвар оид ба дастгирии давлатии бахши соҳибкорӣ ба рушди соҳа мусоидат мекунанд.
Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилоят соҳибкоронро даъват намуд, ки бо такя ба қонунҳои кишвар ба рафъи мушкилот ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас камар банданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






