Вохӯрӣ дар арафаи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи равон дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе бо иштироки комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини вобаста ба комиссияҳои даъватии пойтахт ва тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии ин гарнизон доир шуд.
Дар кори ҷаласа санҷишҳои гузаронидаи масъулини мақомоти прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе таҳлилу баррасӣ гардида, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр шуд, ки сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳо вобаста ба иҷрои қонуни мазкур ба беҳтар гардидани сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ба сатҳи пешгирӣ аз содиршавии қонунвайронкуниҳо мусоидат намудааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, зимни муҳокимаи бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз масъулини вобастаи даъват қатъӣ талаб карда шуд, ки ба масоили сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, интихоби ҷавонони болаёқат ва ба самти фаъолияти ҳамаҷонибаи комиссияҳои давлатӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






