Вохӯрии Ш. Зуҳуров бо сокинони водии Рашт
Душанбе, 18.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафараш ба шарқи Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатол силсилаи мулоқотҳо анҷом дод.
Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷараёни мулоқот бо интихобкунандагон доир ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳое, ки аз ҷониби вакилони Парлумон қабул мешаванд, инчунин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар ва соири масоили марбут ба раванди ободонию созандагӣ дар мамлакат суҳбат кард.
Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба навоҳии минтақаи Рашт то 24 сентябр идома ёфта, дар ин муддат раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон бо сокинони ноҳияҳои Тавилдара ва Нуробод низ мулоқот хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






