Вохӯрии вакилони парлумон бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Сентябрь 5, 2014 10:45

Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ). – Вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии ҶТ ба  манзури  шиносоӣ  бо   шароити  будубош  ва  фаъолияти меҳнатӣ  дар  Русия  якҷоя бо  кормандони Намояндагии Вазорати  меҳнат, муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират бо  муҳоҷирони меҳнатӣ  вохӯрданд.
Вакили  палатаи  поёнии парлумони  Тоҷикистон  Сабоҳат  Муқумова  зимни  вохӯрӣ бо  шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар  марказҳои  тиҷоратии «Садовод» ва «Люблино» — и Маскав   кор  мекунанд,  бо   шароити  фаъолияти   онҳо  шинос шуд.
Сабоҳат  Муқумова ба  муҳоҷирон  дар  бораи  навигариҳои қонуни  федералии муҳоҷират  муфассал  нақл  карда,   зикр  намуд, ки  роҳбарият ва  парлумони  кишвар  ба  масъалаи  ҳифзи  ҳуқуқу  манофеи   муҳоҷирони тоҷик  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  менамоянд. Масалан,  тайи  соли гузашта бо  ҷониби  Русия  ду  ҳуҷҷат  имзо гардид, ки   мақсад  аз   онҳо  ҳифзи  манофеи  муҳоҷирони тоҷик  аст.
Комиссияи   байниидоравии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ ва Хадамоти федералии  муҳоҷирати  Русия  аз  рӯи  масоили  бекор  намудани  манъи  сафари  гурӯҳҳои  алоҳидаи  шаҳрвандони  Тоҷикистон  ба Федератсияи  Русия таъсис  ёфтааст. 
2 ва  3  сентябр  дар  маҳалҳои  сукунати  ҳамдиёрони  кишвар  дар шаҳри Екатеринбурги  вилояти  Свердловск чунин  вохӯриҳо   баргузор  шуданд.
Тавре  ки  маркази  матбуоти  Намояндагии  Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар ФР  хабар  медиҳад, Сабоҳат  Муқумова аз  рӯи  натиҷаи  суҳбатҳояш  бо  муҳоҷирони  меҳнатӣ  бо сафири  ҶТ  дар  ФР Имомуддин  Сатторов  мулоқот  анҷом  дод.

Сентябрь 5, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст