Вохӯрии вакилони парлумон бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба манзури шиносоӣ бо шароити будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар Русия якҷоя бо кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрданд.
Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Сабоҳат Муқумова зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марказҳои тиҷоратии «Садовод» ва «Люблино» — и Маскав кор мекунанд, бо шароити фаъолияти онҳо шинос шуд.
Сабоҳат Муқумова ба муҳоҷирон дар бораи навигариҳои қонуни федералии муҳоҷират муфассал нақл карда, зикр намуд, ки роҳбарият ва парлумони кишвар ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манофеи муҳоҷирони тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Масалан, тайи соли гузашта бо ҷониби Русия ду ҳуҷҷат имзо гардид, ки мақсад аз онҳо ҳифзи манофеи муҳоҷирони тоҷик аст.
Комиссияи байниидоравии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия аз рӯи масоили бекор намудани манъи сафари гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Русия таъсис ёфтааст.
2 ва 3 сентябр дар маҳалҳои сукунати ҳамдиёрони кишвар дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск чунин вохӯриҳо баргузор шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар медиҳад, Сабоҳат Муқумова аз рӯи натиҷаи суҳбатҳояш бо муҳоҷирони меҳнатӣ бо сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов мулоқот анҷом дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






