Ёрӣ ба муҳоҷирон
Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – Бо мадади Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират суди вилоятии Маскав қарори навбатии суди шаҳри Любертсиро дар бораи ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон лағв кард.
Назар ба хабари намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, шаҳрванд П.Давлатшоев дар аризааш ба унвони намояндагӣ изҳор доштааст, ки суди шаҳри Любертси барои баровардани қарори дахлдор асоси кофӣ надорад. Ба гуфтаи аризадиҳанда, суди шаҳри мазкур ҳангоми баровардани қарор дар бораи боз кардани парвандаи маъмурӣ, ки ҳукми ҷазоро дар шакли ситонидани ҷарима дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл ва ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави ФР пешбинӣ менамояд, на ҳамаи вазъиятро ба назари эътибор гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки бо мусоидати намояндагӣ аз моҳи июл то моҳи августи соли ҷорӣ 11 тасмими судҳои районӣ лағв шуда, боз якчанд парванда таҳти баррасӣ қарор дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






