«Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот»-конфронс
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 19 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) таҳти унвони «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар конфронс тамоми истилоҳшиносон ва донишмандони кишвар иштирок ва дар мавзӯъҳои «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ», «Назаре ба усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ», «Танзим ва ҳамоҳангсозии истилоҳоти анатомӣ дар забони тоҷикӣ», «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ», «Монеаҳо дар роҳи эҳёи истилоҳот ва истилоҳофаринӣ», «Вазъи истилоҳнигории забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият», «Корбурди чанд истилоҳи нуҷум дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Мавқеи истилоҳоти дипломатӣ дар забони тоҷикӣ», «Ташаккул ва таҳаввули низоми истилоҳоти тиббӣ дар «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Муҳаммад Исмоили Ҷурҷонӣ», «Таҳлили вожаҳои суғуртавӣ», «Мушкилоти истилоҳоти забоншиносӣ», «Мавқеи истилоҳоти байналмилалӣ дар осори Фарзона», «Мухтасар дар бораи инкишофи истилоҳоти муосири техникӣ» ва «Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» маърӯза хоҳанд кард.
Тавре ки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар Гавҳар Шарофзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, конфронс ба Рӯзи забони давлатӣ, ки панҷ сол боз 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






