«Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот»-конфронс

Сентябрь 17, 2014 16:39

Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  19 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябр) таҳти унвони «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ баргузор мегардад. 
Дар назар аст, ки дар конфронс тамоми истилоҳшиносон ва донишмандони кишвар иштирок ва дар мавзӯъҳои «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ», «Назаре ба усулҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ», «Танзим ва ҳамоҳангсозии истилоҳоти анатомӣ дар забони тоҷикӣ», «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ», «Монеаҳо дар роҳи эҳёи истилоҳот ва истилоҳофаринӣ», «Вазъи истилоҳнигории забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият», «Корбурди чанд истилоҳи нуҷум дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Мавқеи истилоҳоти дипломатӣ дар забони тоҷикӣ», «Ташаккул ва таҳаввули низоми истилоҳоти тиббӣ дар «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Муҳаммад Исмоили Ҷурҷонӣ», «Таҳлили вожаҳои суғуртавӣ», «Мушкилоти истилоҳоти забоншиносӣ», «Мавқеи истилоҳоти байналмилалӣ дар осори Фарзона», «Мухтасар дар бораи инкишофи истилоҳоти муосири техникӣ» ва «Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» маърӯза хоҳанд кард.
Тавре ки  раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати кишвар Гавҳар Шарофзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, конфронс ба Рӯзи забони давлатӣ, ки панҷ сол боз 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, бахшида шудааст. 

Сентябрь 17, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд