Захираи маводи сӯзишворӣ дар Айнӣ
Айнӣ, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Гулибаҳори Худойбердӣ).- Дар ноҳияи Айнӣ барои омодагӣ ба фасли сармо тадбирҳои мушаххас андешида, ба таъмини захираи маводи сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, сохтмону таъмири иншоот, ташкили нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, захираи маводи ғизоӣ, таъмиру омодасозии иншооти интиқоли барқ, роҳҳои мошингард ва захираи хӯроки чорво диққати махсус дода мешавад.
Назар ба қавли сармутахассиси шуъбаи иқтисоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Асад Исомов дар муассисаҳои маориф ва тандурустӣ ба миқдори 1258 тонна ангишт ва 565 метри мукааб ҳезум захира шудааст, ки он баробар ба 100,5 фоизи талабот аст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






