Занги аввал, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

Сентябрь 1, 2014 11:10

Душанбе, 1.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз 1-сентябр, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад, бо садо додани Занги аввал дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар соли нави хониш бо дарси сулҳ оғоз ёфт. Дар ин рӯз субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави факултаи забонҳои хориҷии ин донишгоҳ иштирок намуд ва тамоми донишҷӯёну устодон ва кулли кормандони бахши маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуд. Бояд тазаккур дод, ки суханронии Президенти кишвар дар назди ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мустақиман тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ пахш гардид.  Назар ба иттилои Эҳсон Хушвахтов-котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар дар соли таҳсили 2014-2015 дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 200 мактаби нав, синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба истифода дода шуданд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 836 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар он беш аз 1 миллиону 700 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ки аз он 816 ҳазорашро духтар ташкил медиҳад. Эҳсон Хушвахтов афзуд, ки дар Рӯзи дониш тамоми масъулин ва кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ рафта, оғози соли нави хониш ва Рӯзи донишро ба донишҷӯён шодбош гуфтанд.

Сентябрь 1, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик