Занги аввал, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
Душанбе, 1.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз 1-сентябр, ки ҳамасола ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад, бо садо додани Занги аввал дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар соли нави хониш бо дарси сулҳ оғоз ёфт. Дар ин рӯз субҳи барвақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави факултаи забонҳои хориҷии ин донишгоҳ иштирок намуд ва тамоми донишҷӯёну устодон ва кулли кормандони бахши маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуд. Бояд тазаккур дод, ки суханронии Президенти кишвар дар назди ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мустақиман тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ пахш гардид. Назар ба иттилои Эҳсон Хушвахтов-котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар дар соли таҳсили 2014-2015 дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 200 мактаби нав, синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ ба истифода дода шуданд. Алҳол дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 836 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар он беш аз 1 миллиону 700 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ки аз он 816 ҳазорашро духтар ташкил медиҳад. Эҳсон Хушвахтов афзуд, ки дар Рӯзи дониш тамоми масъулин ва кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ рафта, оғози соли нави хониш ва Рӯзи донишро ба донишҷӯён шодбош гуфтанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






