Зойирини тоҷик дар масҷиди Набавӣ намоз гузоштанд

Сентябрь 22, 2014 14:52

 
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- То имрӯз, 22-юми сентябр беш аз 60 фоизи ҳоҷиёни тоҷик ба Мамлакати Арабистони Саудӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар намуданд. 
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин Афшини Муқим аз Арабистони Саудӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои А. Муқим, зоироне, ки аз вилояти Суғд ва баъзе аз шаҳру навоҳии дигар аз самти Душанбе ба Мадинаи мунаввара парвоз карданд, баъди 6 рӯзи иқомат ва гузоштани намоз дар масҷиди Набавӣ ба Маккаи Мукаррама баргаштанд. 
Мутобиқи ҳиссаи ҷудонамудаи Мамлакати Арабистони Саудӣ имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати хонаи Худо мушарраф хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин парвози ҳаҷравандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ рӯзи 10- уми сентябри соли ҷорӣ оғоз шуда, то 28-уми сентябр идома меёбад. 
Дар маҷмӯъ аз самти Душанбе — Мадина ва Душанбе — Ҷидда  33 парвоз анҷом дода мешавад, ки тамоми зоирин дар муддати муайян ба кишвари Саудӣ сафарбар мешаванд.
 

Сентябрь 22, 2014 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд