Қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони дохилии Шўрообод

Октябрь 31, 2014 10:16

    Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади инкишофи минбаъдаи хоҷагии халқ ва бо назардошти захираҳои зиёди меҳнатӣ ноҳияҳои қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, мавзеи ҷойгиршавии маҳалли нави аҳолинишинро интихоб намуда, барои қабул ва ҷобаҷокунии муҳоҷирони дохилӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои онҳо тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.
28-29 октябри соли 2014 бо иштироки кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилоят ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 20 оилаи муҳоҷирони дохилии ноҳияи Шўрообод, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Обшорон» аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагии деҳқонии «Ватан» 0, 10 га. қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуд. Муҳоҷирон аллакай ба корҳои сохтмонӣ шуруъ намуданд. 
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, ба унвонии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 20 нафар сардорони муҳоҷирони дохилӣ барои ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок  пешниҳод гардида,  рӯзҳои наздик ба ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. 
 

Октябрь 31, 2014 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад