Қурби доллари ИМА каме паст шуд
Душанбе, 02.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Тавре ки аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тайи ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ каме поин фуромад.
Имрӯз, 2 октябр, қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 5,1500-5, 1650 сомонӣ, дар шаҳри Хуҷанд 5,1770- 5, 1820 сомонӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппа 5, 1600 — 5, 1700 сомониро ташкил дод.
Қурби миёнаи евро низ каме поин фаромада, 6,6140-6, 6540 сомонӣ барои як евроро ташкил дод. Қурби рубли Русия ба андозае баланд шуда, баробари 0,1330-0, 1350 сомонӣ барои як рубли Русия буд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






