Ҳадаф: пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо донишҷӯён баргузор гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Эмомалӣ Гулов дар мавзӯи «Пешгирии хариду фурӯши маводи мухаддир байни донишҷӯён» маърӯза карда, дар бораи вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, хусусан дар байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва тадбирҳои андешидашудаи кормандони милитсия дар ин самт мухтасар маълумот дод. Зикр гардид, ки дар давраи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ вобаста ба даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 895 шаҳрванд дастгир шудаанд, ки 359 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат 5 донишҷӯ низ бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд, ки аз онҳо миқдори муайяни маводи мухаддир мусодира гардид. Зарур аст, ки баҳри пешгирии даст задани ҷавонон ба ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ кор бурда шавад.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, ободӣ ва пешрафту тараққиёти кишвар аз онҳо вобастагӣ дорад. Онҳо бояд вақти таҳсили худро танҳо дар омӯхтани илму дониш сарф намуда, ба беҳудагардию шиносоӣ бо ашхоси тасодуф роҳ надиҳанд. Дар мубориза ва муқовимат бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамеша метавонанд ба мақомоти милитсия такя кунанд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Искандар Аминов дар бораи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён ва тадбирҳои андешидашуда дар самти муқовимат бо ҷинояткорӣ сухан гуфт. Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ мунтазам бо донишҷӯён вохӯриҳо мегузаронанд, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар кирдору амалҳои номатлуб дар байни донишҷуён мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






