Ҳафтаи Аврупо -2014 дар Тоҷикистон
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Бо ибтикори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз 25 октябр то 2 ноябр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб Ҳафтаи Аврупо баргузор мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Маркази фарҳанги «Бохтар» аз ин иқдомот воқиф гардид.
Ба гуфтаи раиси Маркази фарҳанги «Бохтар» Тимоте Маёйр, барномаи Ҳафтаи Аврупо бархе чорабиниҳоро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, дар ҷараёни ҳафта доир намудани намоишгоҳи асарҳои рассомони Аврупо бо истифода аз хазинаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, консерт аз асарҳои бастакорони Аврупо дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, намоишгоҳи суратҳо таҳти унвони «Манзараҳои Душанбе» ва ғайра дар назар аст.
Намояндаи Маркази фарҳанги «Бохтар» Амалхонум Ҳоҷиева дар навбати худ хотирнишон сохт, ки созмони IDEA, намояндагии Швейтсария, сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги ҶТ ва ширкати BEELINE (Белайн) мушорикони маркази мазкур дар ин лоиҳа ба шумор мераванд.
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин роҳбари навтаъйини Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Ҳидоят Бишчевич, сафири Олмон дар ҶТ Ҳолгер Грин, мушовири масоили матбуот ва иттилооти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ Маҳбуба Абдуллоева ширкат доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






