Ҳафтаи Аврупо -2014 дар Тоҷикистон

Октябрь 15, 2014 11:45

Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). — Бо  ибтикори Намояндагии Иттиҳоди  Аврупо  дар  Тоҷикистон  аз  25  октябр  то  2  ноябр  дар  шаҳри  Душанбе  ва ноҳияи  Варзоб Ҳафтаи  Аврупо   баргузор  мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар  ҷараёни нишасти  матбуотӣ  дар  Маркази  фарҳанги  «Бохтар» аз ин  иқдомот  воқиф  гардид. 
Ба  гуфтаи  раиси  Маркази фарҳанги «Бохтар» Тимоте Маёйр,  барномаи  Ҳафтаи  Аврупо  бархе чорабиниҳоро  дар  бар  мегирад. 
Аз ҷумла,  дар  ҷараёни  ҳафта доир  намудани  намоишгоҳи асарҳои  рассомони Аврупо  бо  истифода  аз  хазинаи  Осорхонаи   миллии  Тоҷикистон, консерт аз  асарҳои  бастакорони Аврупо  дар  иҷрои  устодони  санъати  Тоҷикистон  дар  Театри опера  ва  балети  ба  номи  С.Айнӣ,  намоишгоҳи суратҳо таҳти  унвони «Манзараҳои  Душанбе» ва  ғайра  дар  назар  аст. 
Намояндаи  Маркази  фарҳанги  «Бохтар» Амалхонум Ҳоҷиева  дар  навбати худ  хотирнишон  сохт, ки созмони  IDEA, намояндагии Швейтсария,  сафорати  Фаронса  дар  Тоҷикистон, Вазорати  фарҳанги  ҶТ  ва  ширкати  BEELINE (Белайн) мушорикони маркази  мазкур  дар  ин  лоиҳа  ба  шумор  мераванд. 
Ёдовар  мешавем, ки дар  нишасти  матбуотӣ  ҳамчунин  роҳбари  навтаъйини  Намояндагии  Иттиҳоди  Аврупо  дар  Тоҷикистон  сафир  Ҳидоят Бишчевич,  сафири  Олмон  дар  ҶТ Ҳолгер Грин, мушовири  масоили  матбуот ва  иттилооти  Намояндагии  Иттиҳоди  Аврупо  дар  ҶТ  Маҳбуба  Абдуллоева  ширкат  доштанд. 

Октябрь 15, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд