Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 20-ум то 24-уми октябри соли равон дар Душанбе ҳафтаи таҳсилоти калонсолон доир мегардад. Хафтаи таҳсилоти калонсолон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» (АТКТ) дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Иқтидор» созмон ёфтааст.
Ба ин хотир дар шаҳри Душанбе аз 20-ум то 24-уми октябр як силсила чорабиниҳо баргузор мегарданд.
20-уми октябр Ҳафтаи таҳсилоти калонсолон дар Маркази исмоилия ифтитоҳ гардида, худи ҳамин рӯз дар марказ ярмаркаи таълимӣ, нишасти матбуотӣ ва рӯнамоии маҷаллаи (солномаи) АТКТ «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон», Тренинг барои аъзои ТҶ «АТКТ» доир мегардад.
21 -уми октябр дар Осорхонаи миллӣ Рӯзи таҳсилоти калонсолон, намоиши филми кӯтоҳметраж ва муҳокимаи он баргузор мегардад. Дар ин рӯз ҳамчунин дар МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» барномаи «Шомҳои Душанбе», суҳбат дар атрофи мавзӯи «Ширкати калонсолон дар таҳсилот: омор, ҳавасмандӣ, сиёсат доир мешавад.
Рӯзи 22-юми октябр дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамои рушди самтгирии касбӣ (тадбирҳои интихоби касбу ҳунар) дар Тоҷикистон» доир мегардад.
Ҳамчунин 23-юми октябр дар МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» баргузории мизи гирд дар мавзӯи «Консепсияи рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» дар назар дошта шудааст.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Хоруғ 23-юми октябр дар назар дошта шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳо ба тарғибу ташвиқ ва оммавӣ гардонидани таҳсилоти калонсолон рӯзи 24-уми октябр баргузор мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






