Ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон рушд меёбад

Октябрь 14, 2014 14:44

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – 13  октябр роҳбари  навтаъйини  намояндагии  Иттиҳоди  Аврупо  дар  Тоҷикистон  сафир  Ҳидоят Бишчевич нусхаҳои  эътиборномаҳояшро  ба вазири  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов  супурд.
Тавре  ки  ВКХ ҶТ  хабар  медиҳад,  Сироҷиддин  Аслов  дар  ҷараёни  мулоқот  изҳори  умедворӣ  намуд, ки  сафири  нави Иттиҳоди  Аврупо  ба  таҳкиму   рушди минбаъдаи  муносибатҳои  дуҷонибаи  Тоҷикистон  ва  Иттиҳоди  Аврупо саҳмгузор  мешавад.
Ҷонибҳо  аз  сатҳи  рушди ҳамкории  миёни  Тоҷикистон  ва  Иттиҳоди  Аврупо  изҳори  қаноатмандӣ  карда, иброз  доштанд, ки барномаи  дуҷонибаи  он  барои   солҳои  2014 -2020  ба  манзури  татбиқи  минбаъдаи  лоиҳаҳои   бахшҳои  маориф,  тандурустӣ ва   рушди  деҳот  мавриди  истифода  қарор  мегирад.
Дар  ҷараёни  мулоқот  ҳамчунин   перомуни  масоили   минтақавию  байналмилалӣ,  ҳамкорӣ  дар  бахши энергетикаи  обӣ,  амният, вазъияти  Афғонистон  ва  масоили  дигари  мубрам  табодули  афкор   баргузор  шуд.
Вазири  корҳои  хориҷии  ҶТ  дар  анҷоми  мулоқот  ба   Ҳидоят Бишчевич дар  фаъолияти  касбиаш  муваффақиятҳо  орзу  кард.

Октябрь 14, 2014 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад