Ҳамлаи ногаҳонии «Толибон» ба Сари Пул
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Дирӯз дар пойтахти Ироқ шаҳри Бағдод бар асари таркиши мудҳиши навбатӣ 35 нафар ҷон бохта, чанд каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Мувофиқи иттилои расида, ду мошини сабукрави ҳомили муҳимоти таркандаро дар яке аз роҳҳои нақлиётгарди наздик ба биноҳои зист ва марказҳои тиҷоратӣ тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додаанд. То кунун ягон гурўҳ ин амали фоҷеаангезро бар уҳда нагирифтааст.
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Вазорати мудофиаи миллии Алҷазоир ҳафтаи равон ҳавопаймои зарбазани неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии кишвар ба шикаст дучор омад. Бо мақсади муайян намудани сабабҳои суқути ин ҳавопаймои ҷангӣ аз миёни мутахассисони варзидаи Вазорати мудофиаи миллӣ дастаи махсус таъсис ёфта, ба тафтишу санҷиш шурўъ кард. Гуфта мешавад, ки дар вақти ҳодиса ҳар ду сарнишини ҳавопаймо қурбон шудааст.
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар яке аз минтақаҳои кӯҳии вилояти Сари Пули қисми шимолии кишвар як гурўҳ ҷангиёни ҳаракати «Толибон» сарбозони неруҳои амниятии кишварро бо ҳамлаи ногаҳонӣ дар ғафлат гузоштанд. Гуфта мешавад, ки дар пайи ҳамлаи мазкур 22 сарбози кишвар кушта шуда, 8 нафари дигар ҷароҳат бардошт.
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Би-Би-Си вазъият дар қисми ғарбии Либия то ҳанўз ноорому номуътадил аст. Аз ҷумла, дар пойтахти кишвар — шаҳри Триполи миёни неруҳои артиши давлатӣ ва гурўҳи силоҳбадастон задухўрди шадиди таслиҳотӣ ҷараён дорад. Кормандони сохторҳои қудратии Либия бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва фурў нишондани мавҷи фишору муқовиматҳои гурўҳҳои гуногуни мусаллаҳ амалиёти навро ба роҳ мондаанд.
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Шабакаи интернетии ИтарТас менависад, ки шумораи қурбониёни обхезӣ дар минтақаҳои гуногуни иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон то имрӯз ба 370 нафар расидааст. Бояд гуфт, ки бисёри фавтидагон занон ва кӯдаконанд.
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар минтақаҳои шимолу шарқии Япония тўфони шадиди «Вонфон» ба амал омада, харобиҳои зиёдро дар пай овард. Зимни офати табиӣ 2 нафар ба ҳалокат расида, 94 каси дигар ҷароҳати гуногун бардошт. Мувофиқи иттилои Муассисаи ҳавосанҷӣ, суръати шамол дар маркази тўфон 75 километр дар як соатро ташкил медод.
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта дар ҳарими ҳавоии шаҳри Мелбурни Австралия ҳавопаймои хурд ба фалокат дучор омада, дар яке аз нуқтаҳои маъмурии аҳолинишини қисми ҷанубу шарқӣ ба болои як манзили зист сарозер гардид. Дар бораи қурбоншудагон ва осебдидагони ҳодиса ягон маълумот нест.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






