Ҳамоиш ба ифтихори қабули санади стратегӣ
Душанбе, 07.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи қонунгузорӣ». Таҳти чунин унвон Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки нимаи дуюми моҳи октябри соли равон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалиро ба ифтихори 20—умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд.
Мавриди зикр аст, ки 20 сол муқаддам- 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсия-Қонуни асосии кишварро қабул намуданд. Ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим гузошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Қонунии асосии муҳиму стратегӣ аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар ҷомеа таъмин мекунад. Бояд тазаккур дод, ки ба Қонуни асосии кишвар ду маротиба солҳои 1999 ва 2003 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






