Ҳамоиши кормандони адлия ва суд
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- 11-уми октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои адлия бахшида ба рӯзи кормандони адлия ва суд, ки ба 90 солагии таъсиси мақомоти адлия ва суд рост меояд, конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш судяҳои ҷумҳурӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, вазоратҳои молия, иқтисод ва рушди савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мутахассисони байналмилалӣ аз Бонки аврупоии тармим ва рушд ва адвокатҳо иштирок намуда, зикр карданд, ки масоили роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тӯли таърихи башарият мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, барои дар амал риоя ва татбиқ гардидани онҳо тадбирҳои муайян роҳандозӣ мешаванд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки маҳз баъди ба даст овардани Истиқлолият ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори муҳими давлатӣ вобаста ба масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуда, соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се рукн муайян гардида, мақомоти судӣ ба сифати шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.
Дар ин замина, боби алоҳидаи Конститутсия ба Суд бахшида шуда, оид ба мафҳум ва вазифаҳои ҳокимияти судӣ, низоми мақомоти судӣ, муҳлати ваколати судяҳо, тартиби ба вазифа интихоб ва таъйин намудани онҳо, мустақилият, дахлнопазирӣ ва манъ будани дахолат ба фаъолияти судҳо, тартиби баррасии парвандаҳо ва гузаронидани мурофиаи судӣ нишон дода шуд.
Судяҳои ҷумҳурӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат рисолати худро бобати амалӣ кардани адолати судӣ бо масъулияти баланди касбӣ дарк намуда, дар давоми солҳои 2009 то нимсолаи 2014 дар маҷмӯъ баррасии зиёда аз 500 ҳазор парвандаи шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иқтисодӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ ва пешниҳодҳои мақомоти иҷрои ҷазоро таъмин намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






