Ҳимояти Тоҷикистону Афғонистон аз сармоягузорон
Душанбе, 01.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасамандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро 1 октябри соли 2014 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуданд.
Файзуллозода Лочин Нусратулло -муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ, ки санади мазкурро дар назди вакилон тавзеҳ дод гуфт, ки Созишномаи мазкур 26 марти соли 2014 зимни сафари расмии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Кобул ба имзо расидаат.
Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри ҷоннок гаштани муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар фазои муносибро муҳаё месозад.
Зикр шуд, ки муовфиқи Созишнома тарафҳои аҳдкунанда бояд соҳибкорони тарафи дигарро барои сармоягузорӣ дар қаламрави худ ҳавасманд гардонанд. Тибқи Созишномаи мазкур ҷонибҳо оид ба қонунҳо, амалиётҳои маъмурӣ, расмиётҳо ва сиёсатҳои пешгирифтаи ҳамдигар дар ин соҳа мубодилаи маълумот менамоянд.
Инчунин, тибқи ин санад ҷонибҳо ӯҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасос ва тафовутнокро нисбати идоракунӣ, нигоҳдорӣ, истифода, соҳиб шудан ва тақсимоти сармоягузории тарафи дигари аҳдкунанда, қабул намекунанд. Дар асоси Созишномаи мазкур ҳар ду кишвар интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони ҳамдигарро кафолат ва муҳофизат менамояд. Инчунин тарафҳо дар қаламрви якдигар аз низоми миллӣ ва низоми бештари мусоид истифода хоҳанд кард.
Лочин Файзуллозода афзуд, ки мӯҳлати амали Созишнома 15 -солро дар бар мегирад. Созишномаи мазкур фазои муносиби ҳуқуқиро дар самти тавсеаи муносибатҳои сармоягузории ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистон ва Афғонистон фароҳам меорад.
Ашӯрбег Расулов- узви Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Созишномаи мазкур аз ҷониби Президенти кишвар ба Парлумон ироа гардидааст
Дар иртибот ба ин Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонидаи ҳуҷҷати мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки ман дирӯз бо як ҳайати расмӣ аз Кобул баргаштам ва зимни мулоқот бо Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашрафғанӣ Аҳмадзай хостори ҳар чӣ бештари сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи ҳар ду кишвар гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






