Ҳоҷиён ба Ватан бармегарданд
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯзҳо баъди адои маносики ҳаҷ дар Маккаи мукаррама қисмате аз ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Мадинаи мунаввара ва қисмати дигар тавассути фурудгоҳи байналмилалии Ҷидда ба Ватан фиристода шуданд.
Тавре ки сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим аз Мадина ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зоироне, ки аз самти Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, ба Ватан бармегарданд ва ҳоҷиёне, ки аз Душанбе ба Ҷидда сафарбар шуда буданд, чанд рӯзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан ба Ватан интиқол дода мешаванд.
А. Муқим илова намуд, ки баъди адои фаризаи ҳаҷ дар назар аст беш аз чор ҳазор зоири Тоҷикистон аз Макка ба Мадина интиқол дода шавад. То ҳол тақрибан ду ҳазор нафари онҳо ба Мадинаи мунаввара сафарбар гардидаанд, ки барои иқомати эшон дар Мадина ҳамаи шароити лозимӣ фароҳам оварда шудааст. Меҳмонхонаҳои ҳоҷиёни Тоҷикистон дар наздикии масҷиди Набавӣ қарор дорад ва ҳоҷиён имкон доранд, то панҷ вақт намози худро дар ин масҷид адо намоянд. Инчунин барои зиёрати ҷойҳои муқаддас автобусҳои махсус ташкил шудааст ва зоирон имкон доранд маконҳои муқаддаси Мадинаро аз наздик бубинанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






