Ҳукумат меъёри истеъмоли озуқаи асосиро муайн менамояд
Душанбе, 03.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» илова ворид намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода дар Парлумон моҳияти лоиҳаи қонуни мазкурро шарҳ дода гуфт, ки ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мушаххас менамояд.
Вазир афзуд, ки ворид намудани илова ба лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад, ки дар заминаи он роҳу усулҳои дурнамосозӣ такмил ёфта, захираҳои мавҷуда бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти сатҳи иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ самаранок истифода гарданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






