Ҷаласа аз рӯи масоили амният
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар»). – Аз 16 то 17 октябр дар шаҳри Санкт – Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи масоили мудофиа ва амният баргузор мегардад.
Тавре ки парлумони кишвар хабар медиҳад, дар кори ҷаласа вакилони парлумон – аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, муаллифони лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва коршиносон иштирок менамоянд. Парлумони Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба мудофиа ва амният Амирқул Азимов намояндагӣ мекунад.
Дар ҷараёни кори комиссия масоили тарҳрезии лоиҳаҳои қонун «Дар бораи муқовимат ба пулшӯӣ, маблағгузории терроризм ва паҳн кардани аслиҳаи қатли ом», лоиҳаи стратегияи таъмини амнияти иттилоотии давлатҳои аъзои ИДМ муҳокима мешавад.
Ғайр аз ин муҳокимаи лоиҳаҳои марбут ба шарҳи қонун «Дар бораи амнияти сарҳадот» қонунҳои намунавӣ «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ва «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми муҳофизати Ватан», тавсияҳо перомуни такмили қонуни давлатҳои узви ИДМ дар бахши муқобилат ба терроризми технологӣ ва тавсияҳо барои кормандони мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири давлатҳои аъзои ИДМ дар назар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






