Ҷаласаи ҳайати мушовара дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии муовини якуми вазири кишоварзӣ Д. Ҳотамов бургузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони вазир, сармутахассиси раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сабуров, намояндагони вазорату идораҳои доҳаи дахлдори кишоварзӣ, барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он, роҳбарони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2014 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа» ва «Дар бораи таҳлили рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» баррасӣ шуданд.
Оид ба масъалаи якум роҳбарони сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои соҳа дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳои минбаъда дар назди ҳозирин сухан гуфтанд.
Дар мавриди масъалаи дуюми рӯзнома мудири бахши чорводорӣ ва зотпарварии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ Сафаралӣ Назаров ҳарф зад. Зикр шуд, ки барномаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани хазинаи ирсии зотҳои чорво, афзун намудани саршумор ва маҳсулнокии чорво ва бо роҳи бордоркунии сунъӣ хушзоткунии чорво қабул гардидааст.
Сармутахассиси раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Сабуров роҳбарону мутахассисони соҳаро вазифадор намуд, ки баҳри рушди минбаъдаи кори соҳа тамоми чораҳоро амалӣ намоянд.
Дар маҷлиси ҳайати мушовара қарорҳои дахлдор қабул шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






