Ҷалби сармоягузорони кишварҳои СҲИ ба сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ
Душанбе, 27. 10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 27 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар «Кохи Сомон» нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Анҷумани мазкур бо мақсади татбиқи Нақшаи амали СҲИ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, ки рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нақлиёт, мусоидат барои инкишофи тиҷорат, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таҳсилоти касбӣ, ташаккули иқтидор, маориф, илму техника, сайёҳӣ ва тандурустиро дар бар мегирад, доир мешавад.
Зимни анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯъҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
— Ҷалби таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, тоҷирон ва сармоягузорони кишварҳои аъзои СҲИ ба имконоти афзуни сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
— Роҳандозии ҳамкориҳо бо мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, ки Нақшаи амали СҲИ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ онҳоро пешбинӣ кардааст;
— Фароҳам овардани имконот барои намоиши анвои маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ;
— Роҳандозии ҳамкориҳо миёни корхонаву муассисаҳои тиҷоратию саноатии кишварҳои аъзои СҲИ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ;
Дар кори Форум зиёда аз 400 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 120 намояндаи давлатҳои аъзои СҲИ, созмонҳои бисёрҷонибаи молиявӣ, сохторҳо оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ширкат доранд.
Дар чорчӯбаи Анҷумани мазкур Намоиши маҳсулоти кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо шуд, ки мақсади он шиносоии иштирокчиён бо имконоти сармоягузорӣ дар ин минтақа аст.
Дар доираи форум баргузории чор ҷаласаи корӣ дар назар аст:
— Ҷаласаи кории I — Рушди долони нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ;
— Ҷаласаи кории II — Тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СҲИ;
— Ҷаласаи кории III — Таҳкими иқтидор ва пешбурди содирот дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
— Ҷаласаи кории IV — Рушди нақши соҳибкории хурд ва миёна дар соҳаи саёҳат.
Дар ҷаласаҳои корӣ роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои обӣ, нақлиёт ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза хоҳанд кард.
Форум 28 октябри соли 2014 бо баргузории ҷаласаи хотимавӣ, ки дар он Дабири кулли СҲИ ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд, ба итмом мерасад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ менамояд, ки баргузории форуми мазкур ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо давлатҳои олами ислом мусоидат хоҳад кард.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






