Ҷамъбасти натиҷаи фаъолият
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе машварати ҳайати зудамалу роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз рӯи натиҷаи кор тайи 9 моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ хабар медиҳад, дар машварат масоили фаъолияти фаврии раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои вилоятии Агентӣ, ҳамчунин ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» баррасӣ шуд.
Роҳбарони хадамоту раёсатҳо зимни суханрониашон бархе нуқсонҳои ташкили фаъолияти фаврӣ, масоили ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир, ошкор ва пешгирии фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷинояткорро баррасӣ намуданд.
Дар машварат ҳамчунин масоили ҷилавгирии нашъамандӣ дар минтақаҳои ҳамсарҳади Афғонистон ва ҷануби ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






