Ҷашни 80-солагии «Согдийская правда»
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар охири моҳи октябри соли равон ҷашни 80-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», ки ба забони русӣ нашр мегардад, таҷлил мешавад.
Тавре ки дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, солгарди нашрия ҳамаҷоя бо фестивали анъанавии вилоятии «Русская песня» ба вуқӯъ мепайвандад. Дар назар аст, ки ба фестивал-озмун меҳмонону иштирокчиён аз шаҳру навоҳии вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия таклиф шаванд.
Гуфта мешавад, ки дар доираи таҷлили 80-солагии нашрияи вилоятӣ дирӯз дар толори КВД «Кохи матбуот» ҷамъомади идона доир гардид, ки дар он медиа-клуби «Суғдиён» ифтитоҳ ёфта, дар ҷаласаи аввалин масъалаи «Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Русия дар доираи фаъолияти Авруосиё» баррасӣ шуданд. Бояд гуфт, ки ташаббускори созмон додани медиа-клуб Намояндагии ташкилоти ғайритиҷоратии Хазинаи рушди «Институти тадқиқотии Авруосиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ мегардад.
Ҳадафи клуб тарғибу ташвиқи рушду нумӯи робитаҳои иқтисодии кишварҳои ба ҳам дӯст ва вусъати ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи васоити ахбори омма барои то мардум расонидани иттилои зарурии муносибатҳо мебошад. Дар ҷамъомад кормандони масъули сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон, Намояндагии ташкилоти ғайритиҷоратии Хазинаи рушди «Институти тадқиқотии Авруосиё» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналистон ва донишҷӯёни бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров иштирок доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






