Ҷашни забони давлатӣ дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бахшида ба ҷашни Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идонаи кормандон доир гардид.
Сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти вазорат Назрулло Дадобоев оид ба аҳамияти таърихии ин санаи муҳим сухан гуфта, ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд.
Сармутахассиси шуъбаи матбуот ва иттилоот А. Каримова дар мавзӯи «Таърихи баргузории ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, ба ҳозирин оид ба таърихи пайдоиш ва аҳамияти забони давлатӣ ва таҷлили сазовор ҷашнҳои 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 3000-солагии Ҳисор маълумоти муфассал дод.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар айни замон бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорат ва зерсохторҳои он тамоми ҳуҷҷатгузорӣ пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон матни мӯҳру тамғаҳо ва лавҳаю овезаҳо новобаста аз шакли ташкилии ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ омода гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






