Ҷавонон дар Боғи Ғалаба ҷамъ меоянд
Душанбе, 16.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ба ифтихори 90-солагии Душанбе дар нимаи дуюми 16 октябр дар Боғи Ғалабаи пойтахт таҳти унвони «Душанбе- пойтахти сулҳ ва ризоияти миллӣ» фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Созмондиҳандаи ин чорабинӣ Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе буда, ҳадафаш таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ҷавонони минтақаҳои мухталифи кишвар аст.
Нахуст иштирокчиёни фестивал дар пояи лавҳаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оташи ҷовидон, воқеъ дар Боғи Ғалаба гулчанбар мегузоранд.
Инчунин бо навозиши оркестри нафасӣ Суруди миллӣ садо дода, сипас ҷавонон бо хатсайри саёҳати пиёдагардии Боғи Ғалаба шинос шуда, гулхани Фестивал афрӯхта мешавад.
Асомиддин Бобоев-мутахасссиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки сайругашти шомгоҳиии фестивали ҷавонон шоми имрӯз аз самти шаршараи Боғи Наврӯзгоҳ тавассути майдонҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ва Боғи устод Рӯдакӣ сурат мегирад.
А. Бобоев афзуд, ки дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» ҳунармандони ҷавону боистеъдоди Душанбе, Ҳисор ва дигар минтақаҳои кишвар ҳунарнамоӣ менамоянд.
Иштирокчиёни фестивал ҳамзамон аз Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва Боғи устод Рӯдакӣ, Муҷтамаи тиҷоратии «Пойтахт-90» ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






