150 корхонаи нави истеҳсолӣ дар соли 2015
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорон роҷеъ ба натиҷаҳои ислоҳоти татбиқшуда, беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ибрози назар намуда, ҳамчунин зикр кард, ки бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар дар соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пули аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд. Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Тавре ки дар суханронии пурмуҳтаво зикр шуд, муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад ва то соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз таназзул хоҳад ёфт.
Дар робита ба миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
«Соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ҷумла, бо ин мақсад дар соҳаи саноат ба истифода додани 150 корхонаи нави истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст»,-зикр намуд Сарвари Давлат.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






