3-4 октябр ба ярмарка-фурӯш шитобед!
Душанбе, 01.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Рӯзҳои 3 ва 4 октябри соли равон шаҳрдории Душанбе тасмим дорад, ки ба ифтихори иди саиди Қурбон бо ҷалби иқтидори Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», «Бозори Шоҳмансур», «Бозори Саховат», «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Қарияи Боло» ва дигар бозорҳои хусусӣ ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишварзию саноатиро ташкил намояд.
Ин тадбир бо мақсади ғанӣ гардонидани хони идонаи сокинони пойтахт андешида шудааст. Дар иртибот ба ташкили ярмаркаҳо шаҳрдорӣ зимни баргузории ҷаласаи ихтисосӣ ба масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт дастур додааст, ки назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ, беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои истеъмолии шаҳр тақвият бахшанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






