41 субъекти хоҷагидор-дорои иҷозати интиқоли қувваи корӣ
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар айни замон, дар ҷумҳурӣ 41 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи интиқоли қувваи корӣ мебошад. Тавассути ин субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 15 августи соли 2014, ҳамагӣ 6 ҳазору 798 нафар муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо кор таъмин гардиданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурӣ аз 41 субъекти хоҷагидори интиқолкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа, танҳо субъектҳои хоҷагидори КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон», ҶДММ «Муҳоҷир», ҶДММ «Олами саёҳат» ва ҶДММ «Имон» фаъолияти доимӣ доранд.
Бино ба иттилои сухангуи Хадамоти муҳоҷират Абдулоҳи Қодирӣ, сабаби суст будани интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа- ин кам будани қарордод (шартнома)-ҳои расмӣ бо кордиҳандагони хориҷӣ, пешниҳод кардани маоши паст дар корхонаҳои хориҷӣ, пурзӯр гардидани қонунгузории муҳоҷирии Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва коҳиш ёфтани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ин давлат дар соли 2014 мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






