41 субъекти хоҷагидор-дорои иҷозати интиқоли қувваи корӣ

Октябрь 14, 2014 15:03

Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Дар айни замон, дар ҷумҳурӣ 41 субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи интиқоли қувваи корӣ мебошад. Тавассути ин субъектҳои хоҷагидор ба ҳолати 15 августи соли 2014, ҳамагӣ 6 ҳазору 798 нафар муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо кор таъмин гардиданд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурӣ аз 41 субъекти хоҷагидори интиқолкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа, танҳо субъектҳои хоҷагидори КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон», ҶДММ «Муҳоҷир», ҶДММ «Олами саёҳат» ва ҶДММ «Имон» фаъолияти доимӣ доранд.
 
Бино ба иттилои сухангуи Хадамоти муҳоҷират Абдулоҳи Қодирӣ,  сабаби суст будани интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа- ин кам будани қарордод (шартнома)-ҳои расмӣ бо кордиҳандагони хориҷӣ, пешниҳод кардани маоши паст дар корхонаҳои хориҷӣ, пурзӯр гардидани қонунгузории муҳоҷирии Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва коҳиш ёфтани квота барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ин давлат дар соли 2014 мебошад.
 

Октябрь 14, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд