АМА дар Душанбе бинои намояндагии дипломатӣ месозад
Душанбе, 01.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Амороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе бинои намояндагии дипломатӣ бунёд менамояд. Дар иртибот ба ин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми палатаи поёнии Парлумони кишвар 1 октябри соли 2014 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатиро ба тасвиб расонданд.
Озода Эмомалӣ Раҳмон-муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар Парлумон моҳияти санади мазкурро шарҳ дода гуфт, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ 30 декабри соли 2013 дар Абузабӣ- пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расонида шудааст.
Созишномаи мазкур ба тарафҳо- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб имкон медиҳад, ки ба таври мутақобила барои 49 сол қитъаи замин ҷиҳати сохтмони намояндагиҳои дипломатиро ҷудо намоянд.
Тибқи ин Созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар кӯчаи ба номи Нусратулло Махсум 6 ҳазор метри мураббаъ қитъаи заминро ба муҳлати 49 сол ҷудо менамояд.
Инчунин бо ҳамин муҳлат, яъне 49 сол Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки дипломатии Абузабӣ дар масоҳати 5 ҳазору 775 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо мекунад.
Созишномаи мазкур, ки ҷиҳати тасдиқ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод гардидааст, барои беҳтар намудани фаъолияти намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар –Тоҷикистон ва Аморот мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






