Баҳодиҳии гуногунии таркибии ғизоии занон дар вилояти Хатлон
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс дар мавзӯи «Натиҷаҳои тадқиқотҳои таҷрибавии баҳодиҳии гуногунии таркибии ғизоии занон дар вилояти Хатлон» баргузор шуд.
Дар нишасти мазкур намояндагони Агентии омор, созмонҳои байналмилалӣ, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Виорел Гутсу, сармутахассис оид ба масъалаҳои ғизо ,ФАО, Рум Уореан Ли ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар зикр гардид, ки Агентии омор ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) барои ҷамъоварии маълумот оид ба ғизо ва ғизогирӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Мусоидат ба мустаҳкам намудани низоми миллии иттилоот оид ба амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёрии техникӣ расониданд.
Гуфта шуд, ки камғизоӣ ба саломатии мардум оқибатҳои ногувор дошта, боиси беморшавӣ ва фавти занону кӯдакон, шиддат ёфтани камбизоатӣ, гуруснагӣ ва заъфи саломатии аҳолӣ мегардад. Оқибатҳои камғизоӣ хеле мудҳиш буда, бидуни ҳал намудани масоили ғизоӣ ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушд хеле душвор мебошад.
Зикр шуд, ки аз соли 2000-ум инҷониб дар Тоҷикистон рушди устувори иқтисодӣ бар иловаи зиёд шудани воридоти маблағи муҳоҷирон ба афзоиши панҷкаратаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) оварда расонд, ки ин ҳолат боиси коҳиши тунди мизони фақр, яъне аз 50 фоизи соли 1999, то ба 6,5 фоиз дар соли 2009 боис шуд. Бино ба тадқиқоти соли 2009 оид ба вазъияти микроэлементҳо дар байни занон ва кӯдакон ҳоло ҳам нигаронкунанда аст: норасоии йод дар бештар аз нисфи занони тадқиқшуда (59%), ошкор шуд, ки ҳамзамон ҳолати камхунӣ қариб аз 4 нафар зан дар 1 нафар дида мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






